КУРСИ ОМӮЗИШИИ ТЕХНОЛГИЯИ ИТТИЛООТӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ

Навидҳо

1-10-уми январи соли равон дар давоми таътили зимистона бо ташаббуси Вазорати маориф ва илм ва Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди вазорат дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ курси омӯзиши истифодаи технологияи муосир ба роҳ монда шуд.

   Дар ин курсҳо 35900 нафар мутахассис ва омӯзгори муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо ширкат намуда, аз рӯйи барномаи тасдиқгардида ба омӯзиши донишҳои нави соҳаи технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, аз ҷумла кор бо тахтаи электронӣ, видеопроектор ва дигар таҷҳизоти техникӣ машғул шуданд.

   Гуфта мешавад, ки мақсад аз ташкили курсҳои мазкур дар амал татбиқ намудани бандҳои 10-12-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (29.09.2017, №443) «Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» ва баланд бардоштани савияи дониши техникии мутахассисону омӯзгорон мебошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *