КУРСИ ОМӮЗИШИИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛОТӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ

Навидҳо

Тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.01.2020, №1445 оид ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва барои баланд бардоштани савияи дониши техникии омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ курси омӯзишии истифодаи технологияи нави муосир дар асоси «Барномаи намунавии курси даҳрӯзаи омӯзиши технологияи иттилоотӣ», ки аз тарафи «Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия» –и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст аз 13.01.2021 то 22.01.2021 ба роҳ монда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *