18 марти соли равон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон семинар-машварат дар мавзӯи «Роҳҳои баланд бардоштани саводнокии иттилоотӣ-коммуникативӣ дар пешрафти таълим» бо иштироки намояндагони Вазорати маориф ва илм, Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, омӯзгорон ва мутахассисони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баргузор гардид.



