ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗ ОИД БА ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД

Навидҳо

22-юми феврали соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат, раиси Шӯро Сатториён Матлубахон Амонзода ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои Шӯро-намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳо ва ректорону директорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ширкат намуданд.Дар ҷаласа вобаста ба раванди тайёр намудани мутахассисон аз рӯйи ихтисосҳои самти табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии воқеъ дар шаҳри Душанбе гузориши вазири маориф ва илм Муҳаммадюсуф Имомзода ва оид ба вазъи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ гузориши муовини якуми вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён шунида шуд.Аз ҷумла, зикр гардид, ки раванди омода намудани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои самти табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ дар 11 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар ба роҳ монда шудааст. Дар муассисаҳои мазкур, дар маҷмӯъ, дар 34 факултет аз рӯи 205 ихтисос (бо такроршавӣ) дар доираи 134 кафедраи тахассусӣ 1437 нафар омӯзгор (580 нафар дорои дараҷаи илмӣ) ба беш аз 33 ҳазор нафар донишҷӯ таълим медиҳанд.Ҷиҳати баррасӣ дар ҷаласаи мазкур раванди омода намудани мутахассисон аз рӯи равияҳои математика, физика, химия ва биология дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии воқеъ дар шаҳри Душанбе   мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифт. Аз ҷониби гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисони касбӣ моҳи ноябри соли 2020  омӯзгорони самти табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзии муассисаҳои таълимии мазкур аз аттестатсия гузаштанд ва ҳайати омӯзгорон барои такмили ихтисос, таълифи китобҳои дарсӣ ва маводи дигари таълимӣ, омода намудани мутахассисони соҳибкасб ва рафъи камбудиҳои дигар муваззаф гардиданд.  Дар соли 2020 бо мақсади такмил додани дониш ва маҳорати касбӣ аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 65 нафар омӯзгор, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ 33 нафар омӯзгор, Донишгоҳи славянии Россия – Тоҷикистон 25 нафар омӯзгор ва филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе 4 нафар омӯзгор дар Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Донишкадаи такмили ихтисоси назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз курси такмили ихтисос гузаштанд. Тибқи нақша мунтазам омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида мешаванд. Дар се соли охир дар ин  самт дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 142 номгӯй китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ-методӣ, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ 74 китоби дарсӣ, 190 дастури илмӣ-методӣ, Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон 8 китоби дарсӣ ва 16 дастури таълимӣ методӣ ва дар филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе зиёда аз 15 китоби дарсӣ ва дастури методӣ-таълимӣ таҳия ва нашр гардидааст.  Айни замон, дар ин муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ шумораи донишҷӯёни ихтисосҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ 11779 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз онҳо 7501 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 4278 нафар дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ таҳсил менамоянд.  Тибқи квотаи Президентӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 138 нафар, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ 391 нафар таҳсил менамоянд.Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки алҳол дар ҷумҳурӣ 78 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ба таълиму тарбия ва омоданамоии кадрҳои зинаи миёнаи касбӣ машғуланд. Аз теъдоди умумии коллеҷҳо дар 57 муассисаи таълимӣ дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9) донишҷӯ қабул карда мешавад, ки дар баробари гирифтани тахассус таҳсилоти миёнаи умумиро низ азхуд менамоянд.Дар муассисаҳои мазкур 93531 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд, ки ба таълиму тарбияи онҳо 6587 нафар омӯзгор машғуланд. Аз теъдоди умумии омӯзгорон 95 нафар номзади илм ва 30 нафар доктори илм мебошанд.Барои ба танзим даровардани раванди таълими муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ як қатор ҳуҷҷатҳо барои ихтисосҳои амалкунанда, аз ҷумла, стандартҳои тахассусӣ, нақша ва барномаҳои таълимии низоми кредитии таҳсил бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расида, дастраси муассисаҳои таълимӣ гардидааст.Зимни баррасии масъалаҳо як қатор иштирокдорони ҷаласа ба музокира баромада, фикру андеша ва таклифу пешниҳодоти худро иброз доштанд.Дар охир раиси ҷаласа вобаста ба татбиқи саривақтии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 31 январи соли 2020, №1445) «Дар бораи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040, бартараф намудани норасоии кадрӣ ва таъмини муассисаҳо бо омӯзгорон, баланд бардоштани сифати таҳсилот, мустаҳкам намудани базаи моддию техникӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон, таъмини муассисаҳои касбӣ бо китобҳои дарсӣ, истифодаи технологияи муосир дар раванди таълим, ҷалби омӯзгорон ба маҳфилҳои илмӣ ва чанде дигар ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *