Popular Tags

ruentg

САҲИФАИ АСОСӢ

Директори Марказ

Об барои рушди устувор

Вохӯриҳо

Статьи и обзоры nachodki.ru

Асри 21, ки асри техника ва технология аст, ҳамаи моро водор месозад, то дар ҷараёни ҳар як дарс технологияи навро истифода барем. Вале барои ноил шудан ба сифати баланди таълим шароити мусоид фароҳам овардан лозим аст. Техника ва технологияи иттилоотӣ, махсусан шабакаи интернет барои ҷаҳонбиниамон нақши муҳим мебозад. Рушди босуръати техникаву технология дар асри навин зиндагии мардумро ба куллӣ тағйир дод, муносибатҳои ҷамъиятии сифатан навро ба вуҷуд овард. Ҳамарӯза даҳҳо техникаҳои нав кашф ва ба истифода дода шуда, равишҳои корӣ оҳиста-оҳиста аз шакли коғазӣ ба шакли электронӣ мегузарад. Кашф гардидани компютер, ихтироъ ва роҳандозии шабакаи глобалии интернет аз нодиртарин кашфиёти асри 20 ба шумор меравад. Аммо дар асри 21 ин раванд, яъне электронигардонӣ якбора суръати баланд гирифта, кору зиндагии мардумро ба маротиб осон намуд. Он ба рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таъсири мусбат расонида, тараққии ин соҳаро дар ҷаҳон хеле боло бурд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамқадам бо давлатҳои дигари ҷаҳонӣ, пайи тараққӣ ва рушдёбии ин соҳаи басо муҳим тадбирандешӣ карда, бо роҳандозии барномаҳои давлатӣ сол аз сол ба натиҷаҳои дилхоҳ  ноил  мегардад.
Технологияи иттилоотӣ ҳамчун маводи ёрирасон барои аз худ намудани мавзуҳои нав барои омӯзгорон хеле муфид аст. Махсусан барои муаллимони фанҳои техникӣ. Тавассути технологияи иттилоотӣ метавон донишҷӯён ва хонандагонро бо мавҷудоти зиндаи табиат ошно сохт. Технологияи иттилоотӣ дар ҳамбастагӣ бо методҳои маъмулии таълим имкон медиҳад, ки омӯзгор маҳорати тадқиқотиву малакаи эҷодиро дар ниҳоди донишҷӯён ва хонандагон бедор намояд ва муҳити солими психологиро таъмин созад. Лекин набояд фаромӯш созем, ки технологияи иттилоотӣ омӯзгор ва китобро пурра иваз карда наметавонад ва аз ин лиҳоз, истифодаи технологияи иттилоотӣ дар якҷоягӣ бо усулҳои нави таълим ба манфиати кор аст.
Бояд гуфт, ки донишҷӯён ва хонандагонро аз донишҳои техникӣ ва технологияи навин бархӯрдор намудан лозим аст. Бояд кӯшиш ба харҷ дод, ки дарсҳо бо ҳаёти имрӯза ва кашфиётҳои навини илму техника сахт марбут бошанд, то манфиатбахш буда, мо донишчуёнро ба ҳаёт омода сохта тавонанд. Чунки ҷаҳонро имрӯз равандҳои ҷаҳонишавӣ ва пешрафти илму технологияи нав фарогир аст.
Дар замони муосир тадбиқи дастовардҳои илмию техникӣ ва технологияи навин яке аз омилҳои муҳими дар амал татбиқшавандаи донишҳои нав буда, равандҳои ҷаҳонишавӣ ва пешрафти илму техникаро тақозо менамояд. Компютеркунонии таълим яке аз масъалаҳои муҳими дидиктика ба шумор рафта, фаъолияти дарккунии донишҷӯёнро баланд мебардорад. Рушд ва пешрафти ҷаҳони муосир ба ду ҷанбаи асосӣ, ки яке илму техника ва технология, дигаре маънавиёт, ахлоқ ва пос доштани анъанаҳои ниёгон мебошад, сахт марбут аст. Ташаккули тафаккури фарҳанги техникии насли наврас ба эҷодкорӣ, навовариву ихтироъкорӣ аз айёми кӯдакӣ ва наврасӣ, яъне аз боғчаи кӯдакон, мактаби миёна оғоз гардида, дар таълимгоҳҳои олӣ рушд меёбад. Аз ин лиҳоз, омӯзгоронро лозим аст, ки шогирдонашонро бо донишҳои нав мусаллаҳ намуда, онҳоро ба интихоби бошууронаи касб ҷалб намоянд.
Яке аз корҳои самарабахши таълимию методӣ - ин бо технологияи ҳозиразамон, яъне компютерҳо, воситаҳои сабти овоз, аудио - видео телевизорҳо ва дастгоҳҳои аккосию барномасозӣ муҷаҳҳаз гардонидани раванди таълим мебошад. Ин роҳ имкон медиҳад, ки аз тамоми нозукиҳои технологияи навин огоҳ гашта, ҳамчун сарчашмаи таълим аз он ғизои таълимӣ гирем ва фарҳанги истифодаи технологияи муосирро дуруст дарк кунем. Бояд ҳар як шахси комилҳуқуқи давлати соҳибистиқлол кӯшиш намояд, ки дар раванди рушди техника саҳмгузор бошад. Ҳадафи асосӣ он аст, ки мо ҷавонони болаёқатро дар соҳаи технология пайдо намуда, фаъолгардонии раванди таълимро бо истифодаи технологияи замонавӣ ба роҳ монем. Дар шароити ҳозира омӯхтани технологияи навин, ки асоси касбомӯзии насли ҷавон мебошад, низ ба ҳамин мақсад равона карда  шудааст. Касбомӯзии мо ҷавонон дар асоси пурзӯр кардани омӯзиши самтҳои техника ва технологияи муосир ба амал бароварда мешавад.
Таълими техника ва технология дар шароити ҳозира онро талаб менамояд, ки бояд ҳар як шахс бо қонунҳои табиат, ҷамъият ва бо талаботҳои умумии илми ҳозиразамон шинос бошад ва афкори илмию техникиашро инкишоф дода, донишу маҳорати эҷодкориашро рӯз то рӯз баланд бардорад.
Азбаски асри 21 давраи босуръат пешравии илму техника ва технология мебошад, ҷомеаро бе инкишофи бемайлони илму маориф тасаввур кардан ғайри имкон аст. Ҳар яки мо бояд аз технологияи навин бархӯрдор бошем, чунки бо донистани техника ва технология кори мо дучанд осонтар ва самарабахш мегардад.