+(992) 225-84-34

Ҷаласаи Шӯрои миллии рушди маорифи назди ҳукумати ҷумҳурии тоҷикистон баргузор гардид

3-юми сентябри соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат, раиси Шӯро Ширин Исматуллозода ҷаласаи Шӯрои миллии рушди маорифи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар он аъзои Шӯро, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳои дахлдор ширкат намуданд.

   Тибқи рӯзнома дар ҷаласа вобаста ба раванди таълиму тарбия дар мактаб-интернатҳои мақоми ҷумҳуриявидошта гузориши Зиёратшоҳ Назруллозода-муовини сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм, вобаста ба вазъи таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши Латофат Назирӣ-муовини вазири маориф ва илм, вобаста ба дастоварди хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ аз фанҳои табиию риёзӣ гузориши Тоҷинисо Маҳмадова-директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо шунида шуд.

   Зимни баррасии масъалаи якум иттилоъ дода шуд, ки дар ҷумҳурӣ 64 мактаб-интернат бо фарогирии 8275 тарбиятгиранда фаъолият дошта, аз он 14 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ тобеи Вазорати маориф ва илм мебошад. Дар муассисаҳои мазкур соли таҳсили 2019-2020 386 нафар омӯзгор ба фаъолият машғул буда, аз шумораи 132 нафар хатмкунанда дар соли 2020 104 нафар (16 духтар) ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дохил гардидаанд, ки 78,8%-ро ташкил медиҳад. 

   Вобаста ба масъулаи дуюми ҷаласа зикр гардид, ки имрӯзҳо мутахассисони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба сари вақт ошкор намудани кӯдакони норасоиҳои рушди зеҳнӣ ва ҷисмонидошта, баланд бардоштани сатҳи  касбияти омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ барои кор бо кӯдакони имконияташон маҳдуд, ҳамкориҳои байниҳамии омӯзгорону психологҳо ва педагогҳои иҷтимоӣ дар муассисаҳои таълимӣ барои кор бо хонаводаҳои кӯдакони имконияташон маҳдуддошта, таъсиси иттиҳодияҳо ва марказҳои расонидани кумакҳои амалӣ оид ба таълим, тарбия ва омода намудани кӯдакони имконияташон маҳдуд ба ҳаёти мустақилона, беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии омӯзгорӣ оид ба тайёр кардани омӯзгорон бо малакаҳои кор бо кӯдакони имконияташон маҳдуд, мусоидат ба такмили асноди меъёрию ҳуқуқӣ бо назардошти татбиқи таҳсилоти фарогир ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба ин таҳқиқоти судманду назаррас анҷом дода истодаанд.

   Тоҷинисо Маҳмадова- директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо иттилоъ дод, ки дар соли 2019 аз ҷониби  Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо аз фанҳои табиӣ-риёзӣ олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, олимпиадаи даставии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, олимпиадаи даставии хонандагони мактабҳои Президентӣ ва литсейҳо барои хонандагони болаёқат, олимпиадаи номии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, олимпиадаи фаннӣ барои наврасон ва олимпиада оид ба шоҳмот байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баргузор гардиданд. 

  Дар маҷмӯъ, дар олимпиадаҳои мазкур аз фанҳои табиӣ-риёзӣ 1252 хонанда иштирок намуда,  339 нафар сазовори  ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 66 медали тилло, 105 медали нуқра ва 168 медали биринҷӣ гардиданд. Инчунин, хонандагони кишвар аз аввали соли 2019 дар 31 олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар давлатҳои Қазоқистон, Белорусия, Тайланд, Россия, Малайзия, Руминия, Италия, Ҳиндустон, Латвия, ИМА, Исроил, Маҷористон, Англия, Ӯзбекистон, Франсия, Африқои Ҷанубӣ, Озарбойҷон, Кореяи Ҷанубӣ ва Туркия баргузор гардиданд, фаъолона иштирок намуда, сазовори 251 медал, аз ҷумла 67 медали тилло, 66 медали нуқра ва 118 медали биринҷӣ гардиданд. Ҳамзамон, дар соли 2020 хонандагони кишвар ба таври фосилавӣ дар 7 олимпиадаи байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 28 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 3 медали тилло, 4 медали нуқра ва 21 медали биринҷӣ гардиданд. 

   Зимни баррасии масъалаҳо роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳо ба музокира баромада, фикру андеша ва таклифу пешниҳодоти худро иброз доштанд.

   Дар охир раиси ҷаласа вобаста ба баланд бардоштани сифати таҳсилот дар мактаб-интернатҳо, таъмини муассисаҳо бо омӯзгорони ихтисосманд, назорати қатъии риояи қоидаҳои беҳдоштию санитарӣ дар мактаб-интернатҳо, таъминоти хонандагон бо китобҳои дарсӣ, ба муассисаҳои таҳсилоти касбӣ фаро гирифтани хатмкунандагони мактаб-интернатҳо, бо китобҳои дарсӣ ва омӯзгорон таъмин намудани хонандагони имконияташон маҳдуд, ҷалби бештари лаёқатмандон ба марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдоштию санитарӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории каронавируси Ковид-19 дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ва вазорату кумитаҳо чанде дигар ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.