+(992) 225-84-34

Вохӯрии вазири маориф ва илм бо сафири фаластин дар тоҷикистон

1-уми сентябри соли равон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илм бо Луай Исо-Сафири Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт.

Дар вохӯрӣ оид ба вусъат ёфтани муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкориҳои дӯстонаву бародарона миёни ду кишвар изҳори назар карда шуда, қайд гардид, ки минбаъд дар самти маориф ва илм корҳои назаррас анҷом дода мешавад. Ҳамчунин, ҷонибҳо масъалаҳои мубрам ва аввалиндараҷа барои ду кишвар дар соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба илм ва таҳсилоти олиро баррасӣ намуда, дурнамои таҳсили шаҳрвандони Фаластин ва Тоҷикистонро дар зинаҳои бакалавр, магистратура, докторантура дар донишгоҳҳои ҳамдигар мавриди муҳокима қарор доданд.

Муҳаммадюсуф Имомзода иброз дошт, ки барои оғоз намудани ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Фаластин дар соҳаи маориф ва илм заминаҳои меъёрӣ фароҳам оварда шуда, ҷиҳати тақвияти робитаҳои илмию маърифатӣ тадбирҳои судманд андешида мешавад.