АСТОВАРД!!! ТАЪЛИМГИРАНДАИ ПОЙТАХТ САЗОВОРИ ШОҲҶОИЗАИ ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Навидҳо

09.07.2025

Аз 6 то 12 июли соли 2025 дар Ҷумҳурии Қирғизистон Фестивали байналмилалии «Дар оғӯши Исиқ — Кул» баргузор гардида истодааст, ки дар кори он як гурӯҳ наврасони соҳибистеъдод аз Муассисаи давлатии «Маркази таҳсилоти иловагӣ»- и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе фаъолона ширкат доранд.

8 июли соли равон дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон, ки дар доираи Фестивали мазкур доир гардид, таълимгирандагони Муассисаи давлатии » Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар бахши «Овозхонии эстрадӣ» иштирок намуда, дар натиҷа Раҷабов Муҳаммадҷон сазовори ҷои дуюм ва Каримов Зубайр сазовори ШОҲҶОИЗА гардиданд. Ин дастоварди навбатии эҷодиро ба аҳли кормандон ва таълимгирандагони пойтахт самимона табрик мегӯем.

ДАСТОВАРД!!! ТАЪЛИМГИРАНДАИ ПОЙТАХТ САЗОВОРИ ШОҲҶОИЗАИ ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ img
ДАСТОВАРД!!! ТАЪЛИМГИРАНДАИ ПОЙТАХТ САЗОВОРИ ШОҲҶОИЗАИ ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ img
ДАСТОВАРД!!! ТАЪЛИМГИРАНДАИ ПОЙТАХТ САЗОВОРИ ШОҲҶОИЗАИ ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ img

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *