АШТ: САФАРИ КОРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОҲИЯ

Навидҳо

Субҳи имрӯз дар даромадгоҳи ноҳияи Ашт раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзодаро истиқбол гирифт.

 Дар сафари корӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо раиси ноҳия Шӯҳрат Муҳаммадзода аз бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25, сохтмони шуъбаи маорифи ноҳияи Ашт ва сохтмонии маҷмуаи варзишӣ дар назди МҒХ “Мактаби Нури Раҳмон”-ро дидан намуд.

 Зимни суҳбат бо омӯзгорон ва мушовирони шуъбаи маорифи ноҳия вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода қайд гардид, ки таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ зиёд аст. Ба ин хотир, таълиму тарбия, махсусан ба сифати таҳсилот, омӯзиши забонҳои хориҷӣ бояд диққати ҷиддӣ дода шавад. 

 Инчунин дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 ва роҳи ҳудуди ҷамоати деҳоти Ашт дарахтони ороишии хамешасабз шинониданд.

 Баъдан аз ҷараёни марҳилаи омодагии коргоҳи азими ҷӯроббофӣ ва истеҳсоли нахи пахта, ки бо саҳми ассотсиатсияи соҳибкорони ноҳия бунёдаш дар ҷамоати деҳоти Шодоба ҷараён дорад, дидан намуданд.

       Хадамоти матбуоти раиси ноҳия

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *