БАРГУЗОРИИ ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУНИ “ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ” ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АКАДЕМИК М.С. ОСИМӢ

Навидҳо

Имрӯзҳо дар тамоми муассисаҳои илмиву таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври аввали Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» ҷараён дорад. Мутобиқи низомнома, ин озмун ба рушди тафаккури техникӣ, густариши ҷаҳонбинии илмӣ, фароҳам овардани дастрасӣ ба техникаву технология, тақвияти ихтироъкориву навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот ва ҷалби ҳарчи бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ равона шудааст.

Даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ аз 20 то 22 апрели соли 2026 баргузор гардида, дар он донишҷӯёни зинаҳои бакалавр ва магистратура аз рӯйи ҳамаи номинатсияҳо иштирок намуданд. Ҳамзамон, дар бахшҳои ихтироъкорӣ ва навоварӣ, инчунин зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ омӯзгорон ва докторантон (PhD) низ фаъолона ширкат варзиданд. Теъдоди умумии иштирокчиён зиёда аз 500 нафарро ташкил дода, аз миёни онҳо 60 нафар ба даври дуюм — марҳилаи ноҳиявӣ роҳ ёфтанд.

Ғолибони даври аввал аз ҷониби Раёсати донишгоҳ бо туҳфаҳо ва мукофотҳо қадрдонӣ мегарданд.

Қобили зикр аст, ки барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин давр, фармоиши ректори донишгоҳ оид ба таъсиси комиссияҳои дахлдор — комиссияи озмун, фаннӣ-методӣ, ҳайати ҳакамон ва комиссияи аппелятсионӣ ба тасвиб расидааст.

Бояд таъкид намуд, ки имсол озмун аз рӯи номинатсияҳои зерин баргузор мегардад:

• математика (арифметика, алгебра, геометрия); 

• физика ва астрономия; 

• химия; 

• биология (ботаника, зоология, анатомия); 

• география; 

• технологияҳои иттилоотӣ; 

• зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ; 

• ихтироъкорӣ ва навоварӣ. 

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, ба татбиқи ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» мусоидат мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *