5 марти соли равон дар толори Муассисаи давлатии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи муштараки ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Нақши соҳаи маориф ва илм дар ташаккули маърифати ҳуқуқӣ – зиддикоррупсионии аҳолӣ» баргузор гардид. Дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтоир Саидзода, директори маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода, раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Сайфиддин Давлатзода, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муасисаҳои тобеъ, ректорон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, кормандони соҳаи маориф ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Конференсия бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтоир Саидзода, директори маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода, раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Сайфиддин Давлатзода, раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода сухани ифтитоҳӣ намуданд.
Раҳим Саидзода қайд намуд, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мубориза бар зидди ҷиноятҳои коррупсионӣ буда, решакан намудани ин амали номатлуб аз ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла соҳаи маориф баҳри рушду нумӯи кишвари азизамон заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва ташаббусҳои созандаи Президенти кишвар қадамҳои устувори худро дар самти мубориза бо коррупсия гузошта, тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овардааст.
Дар идома, маърузаҳои муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода дар мавзуи «Пешгирии амалҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ», сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ дар мавзуи «Муқовимат ба коррупсия дар соҳаи маориф ва илм: мушкилот, дурнамо ва роҳҳои ҳалли он бо назардошти таҷрибаи давлатҳои муваффақ дар ин самт», муовини вазири маориф ва илм Дилшод Сафарзода дар мавзуи «Роҳҳои паст намудани хавфҳои коррупсионии самти иқтисодии маориф ва илм», сардори раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддин Низомзода дар мавзуи «Сабабу омилҳои содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф», сардори шуъбаи коргузорӣ ва қабули муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқии агентӣ Абдулмумин Абдулманонзода дар мавзуи «Таълиму тарбия ҳамчун чораҳои муҳими баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионӣ» ва муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Барот Расулӣ шунида шуд.
Ҳадаф аз баргузории конференсияи муштарак боло бурдани маърифати ҳуқуқии кормандони соҳаи маориф, хонандагону донишҷуёни муассисаҳои таълимӣ ва сокинони ҷумҳурӣ буда, соҳаи маориф дар ин росто нақши муҳимро дар ташаккули маърифати ҳуқуқӣ – зиддикоррупсионии аҳолӣ иҷро мекунад.
Ёдовар мешавем, ки конференсияи мазкур бо мақсади иҷрои банди 16 протоколи №1 маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2023, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дигари соҳаҳои илму маорифи кишвар ҷиҳати баланд бардоштани фаҳмиши ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионӣ шаҳрвандон доир мегардад.
Дар оғози кори конфренсия иштирокчиён аз гӯшаи китобҳо ва дастовардҳои донишгоҳ дар соҳаи тибби кишвар дидан намуданд.