11-уми сентябри соли ҷорӣ дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд семинар-машварати омӯзишӣ ҷиҳати истифодабарии барномаи “Системаи иттилоотии идоракунии маориф” баргузор гардид. Дар он сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, намояндагони шарикони рушд ва дигар кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии вазорат Асомиддинзода Шарофиддин қайд намуд, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рақамикунонии соҳаи маориф ва илм корҳои зиёде ба анҷом расидааст.
Дар идома коршиносон доир ба ҳисоботдиҳии оморӣ дар маориф, роҳҳои ҳалли масъалаҳои идоракунии маълумот, тартиби дурусти ҳисоботдиҳӣ ва идоракунии иттилоот ва барномаҳои нави системаи иттилоотӣ барои маориф ва илм ба тариқи рӯнамо суханронӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки семинар барои омӯзгорон ва кормандони маориф фурсати беназирест, ки бо технологияҳои нав ва таҷрибаҳои пешқадам дар идоракунии маълумоти соҳаи маориф шинос шаванд ва дониши худро такмил диҳанд.
Қайд гардид, ки семинари мазкур се рӯз давом намуда, ҳадафи асосиаш таҳлил ва омӯзиши системаҳои пешрафтаи иттилоотӣ дар идоракунии соҳаи маориф мебошад.