8 августи соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси комиссияи ҷумҳуриявии озмун Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷиҳати оғози даври сеюми озмун баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини вазири маориф ва илм, котиби комиссияи озмун Р. Каримзода, инчунин аъзоёни ҳайати комиссияи ҷумҳуриявӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори Вазорати маориф ва илм, муовинони раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ, мудирони маориф шаҳру ноҳияҳои кишвар ва ҳайати ҳакамон тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Раиси комиссияи ҷумҳуриявии озмун Дилрабо Мансурӣ ҷаласаро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» як марҳалаи муҳимми маърифатӣ ва фарҳангӣ барои ҷомеаи кишвар буда, ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузории озмун нишонаи равшани ғамхорӣ ба сатҳи маърифатнокӣ ва завқи китобхонии аҳолӣ, махсусан наврасону ҷавонон аст.
Гуфта шуд, ки дар даври дуюми озмун, ки дар сатҳи маҳаллӣ ва минтақавӣ баргузор гардид, дар маҷмуъ 58 ҳазору 250 нафар иштирок намуда, 3619 нафар (2772 нафарашон духтарон) ба даври сеюм роҳхат гирифтаанд. Вазорати маориф ва илм якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва дигар сохторҳои дахлдор тамоми тадбирҳоро амалӣ карда, то даври сеюми озмун бо шаффофият ва дар фазои фарҳангиву илмӣ баргузор гардад.
Ҳамзамон аз рӯйи чор номинатсия доир шудани озмун ва ҷалби тоҷикони бурунмарзӣ як падидаи тоза ва шоёни таҳсин буда, Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар сохторҳои дахлдор тартиби иштирок тариқи маҷозиро барои ҳамдиёрони бурунмарзӣ таҳия ва мувофиқа кардаанд. Барои онҳо комиссияи алоҳида ташкил гардида, имкон фароҳам аст, ки дар шакли онлайн иштирок кунанд.
Дар ҷараёни ҷаласа омодагӣ ба даври сеюми озмун баррасӣ шуда, ҳайати ҳакамон ва ҷадвали баргузории озмун аз 11 то 23 августи соли ҷорӣ тасдиқ гардид. Ҳамчунин, тартиби иштироки тоҷикони бурунмарзӣ дар озмун ва дигар масъалаҳои муҳимми ҷорӣ баррасӣ ва ҷонибдорӣ шуданд. Таъкид гардид, ки тамоми шароит барои баргузории саривақтӣ ва сатҳи баланди озмун фароҳам оварда шуда, назорати ҷараёни он аз ҷониби мақомоти марбута таъмин мегардад.
Бори дигар қайд намудан зарур аст, ки мақсади фаромиллӣ намудани озмуни мазкур, дар доираи татбиқи сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли равон барои аввалин бор иштироки тоҷикони бурунмарзӣ дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба роҳ монда шуд. Ин иқдом дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат роҳандозӣ гардида, шароити ширкати маҷозии ҳамватанони дар хориҷбуда фароҳам оварда шудааст. То имрӯз аз кишварҳои Англия (шаҳри Лондон), Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия тавассути тамоси телефонӣ ва бо ирсоли дархост расман муроҷиат намудаанд. Шарти аслии иштирок ин пешниҳоди рӯйхати китобҳои хондашуда аз ҷониби довталабон мебошад, ки баъд аз тасдиқ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, онҳо метавонанд дар даври сеюми озмун тариқи маҷозӣ иштирок намоянд. Тартиби иштирок бо мувофиқаи вазорату кумитаҳои дахлдор тасдиқ гардида, ҳадаф аз ин иқдом таҳкими ҳувияти миллӣ, забон ва фарҳанги тоҷикӣ дар миёни ҳамватанони берун аз кишвар мебошад.
Дар фарҷом, раиси ҷаласа бори дигар таъкид намуд, ки баргузории озмуни мазкур дар шароити муосир як амри зарурӣ ва стратегӣ буда, иштироки фаъолонаи хонандагону омӯзгорон ва тамоми қишрҳои ҷомеа дар озмун нишон медиҳад, ки миллат ба китоб ва дониш эҳтироми хоса дорад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон


