БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР МОҲИ НОЯБР

Навидҳо

Имрӯз, 21 ноябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии назоратии назди вазири маориф ва илм баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини якуми вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи вилоятҳои Суғду Хатлон, инчунин, мудирони шуъбаҳои маорифи як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар ширкат варзиданд.

Ҷаласаро вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, аз дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуд. Вазир, аз ҷумла, ба ҷузъиёти сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд ишора намуда, қайд кард, ки дар доираи ин сафар як қатор иншооти муҳимми соҳаи маориф мавриди истифода қарор дода шуданд. Ин иқдомҳо шаҳодати таваҷҷуҳи бевосита ва пайвастаи Роҳбари давлат ба рушди инфрасохтори таълимӣ ва беҳбудии шароити таълими хонандагон мебошад.

Дар идома Ш. Асомиддинзода, сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм, оид ба вазъи таълиму тарбия, ҳолати ҳуҷҷатдорӣ ва иҷрои барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимии типпи нави шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва Н. Убайдуллозода, сардори шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маорифи вазорат, вобаста ба гузоришҳои сардорони раёсатҳои маорифи вилоятҳои Суғду Хатлон оид ба ҷамъбасти ҳисоботи омории муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ гузориш пешниҳод намуданд.

Зимни баррасии масъалаҳои мазкур вазири маориф ва илм таъкид дошт, ки тамоми раёсатҳо ва шуъбаҳои дахлдор вазифадоранд ба ҳолати иҷроиши санадҳои меъёрӣ, риояи талаботи ҳуҷҷатгузорӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва иҷрои барномаҳои давлатии соҳавӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Вазир қайд кард, ки таҳкими низоми таълим, боло бурдани сатҳи касбият ва масъулияти кормандони соҳа яке аз самтҳои асосии фаъолияти вазорат ба шумор меравад.

Дар анҷом раис ҷаласа таъкид намуд, ки дар посух ба таваҷҷуҳ ва дастгириҳои ҳамешагии Сарвари давлат ҳар як корманди соҳа бояд бо ҳисси баланди масъулият, садоқат ба Ватан ва меҳнати созанда фаъолият намояд. Ҳамзамон, аз ҳозирин даъват гардид, ки ҷашни Парчами давлатиро дар сатҳи баланд таҷлил намуда, баҳри истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиро боз ҳам тақвият бахшанд.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *