18 декабри соли 2025 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии муовини вазир Восидиён Ф. С. ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ дар мавзуи «Такмили низоми амалкунандаи тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ» баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа Восидиён Ф. С. қайд намуд, ки рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар дар шароити ҷаҳони муосир бе доштани кадрҳои соҳибихтисоси сатҳи баланд имконнопазир аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми тайёр кардани кадрҳои илмӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб ёфта, таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти мамлакат ба ин соҳа равона карда шудааст. Бо вуҷуди пешравиҳои солҳои охир, ниёз ба такмили минбаъдаи ин низом бо назардошти тағйироти ҷаҳонӣ ва талаботи бозори меҳнат рӯз аз рӯз бештар эҳсос мегардад.
Мавриди қайд аст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №264 «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» қабул гардидааст.
Дар доираи ҷаласаи мазкур гузориши муовини якуми Вазири маориф ва илм Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ва ноиби Президенти Академияи миллии илмҳо Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм шунида шуд.
Дар охири ҷаласа аз натиҷаи баррасии масъалаҳои қайдгардида Ситод қарорҳои дахлдор қабул намуд, ки барои дастури минбаъда ба вазорату идораҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад.


