БАРРАСИИ «БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ДАРЁФТ ВА РУШДИ ИСТЕЪДОДҲО БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025»

Навидҳо

12.03.2025

12-уми марти соли равон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир ба иҷрои бандҳои «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» баргузор гардид.

Дар ҷаласа вазири маориф ва илм қайд кард, ки соҳаи маориф зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, 11 барномаву стратегия ва консепсияи давлатӣ дар соҳаи маориф амалӣ мегардад. Мавсуф иброз дошт, ки «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» мутобиқи моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли ҷавону ояндасоз дарак дода, бозгўйи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат дар ин самт аст.

Дар идома директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Муҳаммад Ғафорзода доир ба амалишавии «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» суханронӣ намуд.

Гуфта шуд, ки доир ба амалишавии барномаи болозикр то кунун дар саросари ҷумҳурӣ корҳои зиёде анҷом шуда, дар ин самт вазорат ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.

Бояд гуфт, ки қобилияти хонандагон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ аз гузаронидани корҳои амалӣ ва озмоишгоҳӣ аз фанҳои экология, география, технологияи иттилоотӣ, физика, химия, биология вобастагии калон дорад ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази муосири фаннӣ дар марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои амалигардонии қобилияти эҷодии хонандагони боистеъдод ва омодагии онҳо барои иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ баъди амалишавии пурраи Барномаи мазкур, мусоидат хоҳад кард.

Ҳадафи барномаи мазкур бо мақсади дарёфт, дастгирӣ, рушди хонандагони боистеъдод ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ барои ташаккули таҳсили муттасили ҷавобгӯба талаботи таълимӣ ва амалӣ намудани қобилияти эҷодии онҳо таҳия гардидааст. Дарёфт, тарбия ва рушди қобилияти хонандагони болаёқату соҳибистеъдод, ки ояндаи илму маориф ва дар маҷмуъ, ояндаи мамлакат ба онҳо вобастагӣ дорад, муаррифии онҳо дар дохилу хориҷи ҷумҳурӣ яке аз самтҳои фаъолияти маорифчиёни мамлакат ва аҳли ҷомеа маҳсуб мешавад.

Ёдовар мешавем, ки «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021 қабул гардидааст.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *