28 октябри соли 2025 дар Маркази ҷумҳуриявии таҳлил, иттилоот ва технологияҳои рақамии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши муҳимми касбӣ таҳти унвони «Муҳокимаи техникии ислоҳоти низоми иттилооти идоракунии соҳаи маориф ва илм (EMIS)» баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, ЮНИСЕФ, коршиносони соҳаи таҳлил ва рақамисозӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор баргузор шуда, ҳадафи асосии он арзёбӣ ва таҳлили ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди низоми иттилооти идоракунии соҳаи маориф ва илм (EMIS) буд.
Зимни баргузории чорабинӣ муовини вазири маориф ва илм Бадриддин Музаффарзода иброз дошт, ки низоми иттилооти идоракунии соҳаи маориф ва илм чун воситаи рақамӣ ва таҳлилӣ барои ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили маълумоти оморӣ дар соҳаи маориф ва илм хизмат мекунад. Ин низом имконият медиҳад, ки маълумоти дақиқ ва муътамад оид ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, муҳайё будани кадрҳо, дастрасии хонандагон ба таълим ва дигар ҷанбаҳои муҳимми соҳаи маориф ба таври фаврӣ ҷамъоварӣ ва истифода шаванд.
Дар идомаи ҳамоиш намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон вобаста ба аҳаммияти EMIS дар банақшагирии стратегӣ, қабули қарорҳои босамар ва таҳкими идоракунии муассисаҳои таълимӣ суханронӣ намуд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни чорабинӣ масъалаҳои вазъи кунунии низоми иттилооти идоракунии соҳаи маориф ва илм ва ташкили платформаҳои нави он, мушкилоти мавҷуда ва дурнамои рушди низом барои солҳои 2025-2027, шаклҳои нави ҳисоботдиҳӣ ва такмили сохтори маълумоти оморӣ, истифодаи маълумоти EMIS барои банақшагирии сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, ҷалби маълумоти оморӣ ба низоми такмили ихтисоси омӯзгорон ва натиҷагирии арзёбиҳои миллӣ, пешниҳодҳо ва тавсияҳо барои марҳилаҳои минбаъдаи рушд муҳокима ва баррасӣ шуданд.

