2 майи соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ доир ба рафти татбиқи Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022–2027 (марҳилаи якум — солҳои 2022–2024) ва Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2025 баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои дахлдори тобеи вазорат иштирок намуданд.
Дар ҷаласа муовини вазир зикр намуд, ки бо дастгирии пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар дар самти рушди таҳсилоти томактабӣ заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фароҳам оварда шудааст.
Таъкид гардид, ки пешбурди самти томактабӣ ҳамчун бахши муҳимми низоми таҳсилот дар меҳвари сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин замина тадбирҳои муассир ҷиҳати тақвияти инфрасохтор, боло бурдани сифати хизматрасонии таълимӣ ва фарогирии бештари кӯдакон бо таълиму тарбияи томактабӣ амалӣ гардида истодааст.
Дар идома сардори раёсати таҳсилоти томактабии вазорат Ҷамшед Маҷидзода оид ба рафти иҷрои барномаҳои зикршуда ҳисобот дода, натиҷаҳои бадастомада ва мушкилоти ҷойдоштаро шарҳ дод. Дар ҷараёни ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои тақвияти фаъолияти муассисаҳои хусусии томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ, роҳҳои беҳсозии ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва чораҳои минбаъда ҷиҳати татбиқи босамари барномаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки иҷрои саривақтии барномаҳои самти таҳсилоти томактабӣ заминаи мусоид барои фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи босифат ва рушди қобилиятҳои зеҳниву иҷтимоии онҳо фароҳам меорад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон