Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи корӣ вобаста ба рафти иҷрои «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027» баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳи ҷаласа вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф зери таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, дар ин замина баҳри рушди соҳа ва беҳтар намудани шароити таълиму тарбия тадбирҳои муҳимми амалӣ роҳандозӣ гардидаанд. Қайд карда шуд, ки бо мақсади бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ва таъмини рушди устувори инфрасохтори соҳа як қатор барномаҳои давлатӣ қабул ва амалӣ гардида истодаанд.
Дар ин замина, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2022 «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027» ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии он тасдиқ гардида, ҳамчун санади муҳимми соҳавӣ ба беҳтарсозии вазъи муассисаҳои таълимии вилоят равона шудааст. Ҳамзамон, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2025 Нақшаи амали барномаи мазкур барои марҳилаи дуюм (солҳои 2025-2027) тасдиқ гардида, татбиқи босамари он идома дорад.
Сардори раёсати сохтмони асосии вазорат Б. Файзуллозода оид ба рафти иҷрои барномаи мазкур маълумот пешниҳод намуда, зикр кард, ки дар доираи татбиқи барнома ҷиҳати бунёд ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди таълим, таъмини муассисаҳо бо инфрасохтори зарурӣ ва бартараф намудани норасоии ҷойҳои нишаст дар вилояти Хатлон корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Ҳамзамон, бо ҷалби маблағҳои буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ татбиқи як қатор лоиҳаҳои сохтмонӣ идома дошта, иҷрои бандҳои барнома марҳила ба марҳила таъмин гардида истодааст.
Дар идомаи ҷаласа инчунин масъалаҳои марбут ба таъмини муассисаҳо бо таҷҳизоти муосири таълимӣ, беҳтар намудани шароити моддию техникӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои таълимӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазири маориф ва илм зимни ҷамъбасти ҷаласа таъкид намуд, ки баланд бардоштани сатҳи инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити муосири таҳсил яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии соҳаи маориф маҳсуб ёфта, барои ноил гардидан ба ҳадафҳои барнома зарур аст, ки масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати бандҳои он, истифодаи мақсадноки маблағҳо ва назорати ҷараёни корҳои сохтмонӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
