БАРРАСИИ ҶАРАЁНИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ МУШТАРАКИ «ДАСТГИРИИ АМАЛИНАМОИИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Навидҳо

11.07.2025

11 июли соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷараёни татбиқи Лоиҳаи муштараки «Дастгирии амалинамоии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (марҳилаи 2) дар нимсолаи якуми соли 2025 ҷаласа баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода, муовини вазир, сардорони шуъбаву раёсатҳо, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат ва намояндагони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Менеҷери гурӯҳи татбиқи лоиҳа Абдулло Асрорзода ва ҳамоҳангсоз, мушовир оид ба мониторинг ва арзёбӣ Ҳамида Ашурова доир ба натиҷаву дастовардҳои лоиҳа дар нимсолаи якуми соли 2025, ҳамзамон мушкилоту монеаҳои ҷойдошта дар раванди татбиқи фаъолиятҳои банақшагирифташуда ҳисоботи муфассал пешниҳод карданд.

Дар идомаи ҷаласа Харитаи татбиқи қисмати дуюми лоиҳа, ки ҳадафи асосии он баланд бардоштани сифату самаранокии хизматрасониҳои таълимӣ тавассути таҳияи стандартҳо, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон, арзёбии омӯзиш ва мониторинги дастовардҳои таълимии хонандагон мебошад, мавриди муҳокима қарор гирифт.

Муовини якуми вазири маориф ва илм таъкид дошт, ки татбиқи босамари ин лоиҳа заминаи муҳим барои таҳкими системаи таҳсилоти фарогир ва рушди муҳити босифати омӯзиш мебошад. Ӯ ба роҳбарияти лоиҳа ва сохторҳои дахлдори вазорат ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта, сари вақт аз худ намудани маблағҳои пешбинишуда ва татбиқи самараноки ҳамаи фаъолиятҳои дар нақша буда, супоришҳои мушаххас дод.

Лоиҳаи мазкур яке аз калонтарин лоиҳаҳои амалкунандаи назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, татбиқи он ба беҳтар гардидани муҳити таълим, таҳкими низоми таҳсилоти фарогир дар асоси салоҳият ва баланд бардоштани натиҷаҳои омӯзиши хонандагон равона гардидааст.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

БАРРАСИИ ҶАРАЁНИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ МУШТАРАКИ «ДАСТГИРИИ АМАЛИНАМОИИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» img
БАРРАСИИ ҶАРАЁНИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ МУШТАРАКИ «ДАСТГИРИИ АМАЛИНАМОИИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» img
БАРРАСИИ ҶАРАЁНИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ МУШТАРАКИ «ДАСТГИРИИ АМАЛИНАМОИИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» img

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *