07.02.2025
7-уми феврали соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ҷамоати Навободи шаҳри Исфара дидан намуда, дар рафти боздид бо омӯзгорону хонандагони муассисаи мазкур вохӯрӣ доир намуд.
Вазири маориф ва илм зимни вохӯрӣ бо омӯзгорон ва хатмкунандагони муассисаи мазкур қайд намуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Сарвари давлат ба рушди соҳаҳои илм ва маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пайваста тадбирҳои тозаро дар ин самт роҳандозӣ менамоянд.
Дар идомаи вохӯрӣ масъалаҳои боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия, давомоти хонандагон, риояи сару либоси тавсиявӣ, иштироки бештари хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, бештар намудани тарбияи ватандӯстиву хештаншиносии мактаббачагон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, вазъи зимистонгузаронӣ, баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ мавриди таҳлил ва баррасии хоса сурат гирифт.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон

