БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФӮРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Навидҳо

Имрӯз, 14 августи соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз ҷараёни баргузории даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар шаҳри Ҳисор боздид намуд.

Дар доираи боздид, вазири маориф ва илм бо ширкаткунандагон, падару модарони онҳо ва ҳайати ҳакамон суҳбат намуда, бо ҷараёни баргузории озмун ва баромади иштироккунандагон аз наздик шинос шуд.

Вазири маориф ва илм зимни боздид аз ташаббуси созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба рушди маърифату китобхонӣ равона шудааст, ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ин иқдом ба тарғиби китобхонӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ мусоидат мекунад.

Вазир бо арҷгузорӣ ба кӯшишу талошҳои падару модарон дар роҳи тарбияи фарзандони соҳибмаърифату китобхон изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки китобхонӣ на танҳо донишу ҷаҳонбиниро ғанӣ мегардонад, балки дар рушди тафаккури эҷодӣ ва зеҳнӣ нақши созгор ва муассир мебозад.

Даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар шаҳри Ҳисор бо иштироки ғолибони даври дуюм аз минтақаи Ҳисори ШНТҶ аз ҷумла, шаҳру ноҳияҳои Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Турсунзода, Варзоб, Ваҳдат, Роғун ва Файзобод баргузор гардида, иштирокчиён аз рӯйи чор номинатсия — «Адабиёти классикии тоҷик», «Адабиёти муосири тоҷик», «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ» ва «Адабиёти ҷаҳон» рақобат мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ аз соли 2019, ҳамасола баргузор гардида, ҳадафи он рушди китобхонӣ, баланд бардоштани маърифати хонандагон ва ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ мебошад.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФӮРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ДАР ШАҲРИ ҲИСОР img
БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФӮРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ДАР ШАҲРИ ҲИСОР img
БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФӮРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ДАР ШАҲРИ ҲИСОР img

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *