04.07.2025
Имрӯз, 4 июли соли 2025 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Рашт вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз ҷараёни корҳои сохтмонии бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №110 дидан намуд.
Ин муассиса дар деҳаи Хулаки Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак бо мақсади фароҳам овардани шароити беҳтари таълим барои хонандагон бунёд гардида истодааст. Муассисаи мазкур барои зиёда аз 80 нафар хонанда пешбинӣ шуда, дар он 8 синфхона бо тамоми шароити зарурӣ ба нақша гирифта шудааст.
Сохтмони бино бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба тариқи ҳашар, бо иштироки фаъолонаи сокинони маҳаллӣ сохта шуда истодааст.
Зимни боздид вазири маориф ва илм ҷараёни корҳои сохтмониро мусбат арзёбӣ намуда, саҳми сокинонро дар ободонии муассиса махсус таъкид кард. Ҳамзамон, ба масъулин ҷиҳати таъмини сифат, риояи муҳлати анҷоми сохтмон ва омодасозии муассиса барои оғози фаъолияти таълимӣ дастуру тавсияҳои зарурӣ дода шуд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон

