БОЗДИДИ МЕҲМОНОНИ ФОРУМИ РЕКТОРОН АЗ ОСОРХОНАИ ДДОТ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ

Навидҳо

Дар доираи Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон меҳмонон аз Осорхонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ боздид ба амал оварданд.

Нахуст меҳмононро дар саҳни осорхона гулдухтарони либоси миллӣ ба бардошта, бо гул ва қироати шеърҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ пешвоз гирифтанд. Ҳамзамон аз ҷониби дастаи рубобнавозон навозиши мусиқии миллӣ пешниҳоди меҳмонон гардид.

Дар ҷараёни боздид вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Қунғратбой Шарипов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов, инчунин ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар ва намояндагони ҷомеаи илмӣ иштирок намуданд.

Ба меҳмонон таърихи таъсис ва марҳилаҳои рушди донишгоҳ, нақши он дар омода намудани мутахассисони баландихтисос барои соҳаи маорифи кишвар, инчунин саҳми устодону донишмандони маъруфи он муаррифӣ гардид. Ҳамзамон, намунаҳои нодири ҳуҷҷатҳо, аксҳои таърихӣ, дастнависҳо ва дигар осори арзишманди марбут ба фаъолияти илмию таълимии донишгоҳ пешкаши меҳмонон карда шуд.

Меҳмонон бо таваҷҷуҳи хос аз гӯшаҳои гуногуни осорхона дидан намуда, бо саҳифаҳои муҳими таърихи донишгоҳ ва саҳми он дар рушди илму маорифи кишвар аз наздик ошно гардиданд. Қайд гардид, ки Осорхонаи донишгоҳ яке аз марказҳои муҳими ҳифз ва муаррифии мероси таърихию илмии муассиса ба шумор меравад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *