24 октябри соли 2026 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” Дилрабо Мансурӣ ҳамроҳи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз ҷараёни баргузории даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ боздид намуданд.
Зимни боздид муовини Сарвазир бо рафти баргузории озмун аз рӯйи номинатсияҳо шинос шуда, бо масъулони комиссия, ҳайати доварон ва иштирокчиён суҳбат намуд.
Масъулон оид ба раванди қабули довталабон, пешниҳоду баррасии корҳои илмӣ ва ихтироъкорӣ, инчунин сатҳи омодагии иштирокчиён маълумот пешниҳод карданд.
Дилрабо Мансурӣ дар суҳбат бо довталабон ба ташаббусу талошҳои онҳо дар роҳи азхуд намудани донишҳои илмӣ, нақши омӯзгорон дар омода намудани насли донишманд ва дастгирии волидон дар рушди қобилияти фарзандон баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” яке аз ташаббусҳои муҳимми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди илму маориф, дастгирии истеъдодҳои ҷавон ва тақвияти тафаккури илмӣ мебошад.
Зикр гардид, ки озмун дар доираи амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор гардида, ҳадафи он рушди тафаккури техникӣ, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, тавсеаи ихтироъкорию навоварӣ, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва дарёфту муаррифии истеъдодҳои нав мебошад.
Афзоиши таваҷҷуҳи хонандагону донишҷӯён ва дигар иштирокчиён ба технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, инчунин ихтироъкорӣ ва навоварӣ нишон медиҳад, ки озмун барои фароҳам овардани муҳити мусоиди илмӣ, бедор намудани шавқу рағбат ба таҳқиқоту эҷодкорӣ ва омода намудани мутахассисони оянда заминаи муҳим мегузорад.
Пас аз шиносоӣ бо ҷараёни озмун муовини Сарвазири мамлакат ба масъулон ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани даври ниҳоӣ, таъмини шаффофияти баҳогузорӣ, риояи қатъии талаботи Низомномаи озмун ва фароҳам овардани шароити мусоид барои иштирокчиён дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон


