БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №9-И ШАҲРИ КӮЛОБ

Навидҳо

23 июни соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз рафти корҳои таъмиру азнавсозӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и шаҳри Кӯлоб ошно гардид.

Зимни боздид вазир бо роҳбарият ва сохтмончиёни муассисаи таълимӣ мулоқот анҷом дода, ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ таъкид намуд.

Тибқи иттилои пешниҳодшуда, айни замон дар муассисаи таълимии мазкур 480 хонанда дар як баст ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Теъдоди умумии омӯзгорон 68 нафарро ташкил медиҳад. Муассиса дорои 16 синфхона, 2 синфхонаи компютерӣ, 1 синфхонаи технологияи меҳнат, китобхона, ошхона, толори варзишӣ, толори фарҳангӣ ва 10 утоқи иловагӣ мебошад.

Ҳамзамон, дар назар дошта шудааст, ки дар назди муассиса Маркази инкишофи кӯдак таъсис дода шуда, ба истифода супорида шавад.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон

БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №9-И ШАҲРИ КӮЛОБ img
БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №9-И ШАҲРИ КӮЛОБ img
БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №9-И ШАҲРИ КӮЛОБ img

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *