БОЗДИД АЗ СОХТМОНИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МТМУ №1-И НОҲИЯИ САНГВОР

Навидҳо

05.07.2025

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Сангвор аз ҷараёни сохтмони бинои иловагии 3-ошёна дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 маркази ноҳия боздид намуд.

Зимни боздид вазир ҷараёни корҳои сохтмониро мусбат арзёбӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати таъмини сифати баланд ва ба истифода супоридани саривақтии иншоот супоришҳои мушаххас дод.

Сохтмони бинои иловагӣ бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи тадбирҳои созандаи давлату Ҳукумат бо маром идома дорад.

Дар иншооти нав толори маҷлисгоҳ, толори варзишӣ ва синфхонаҳои таълимӣ ба нақша гирифта шуда, корҳои бомпӯшӣ дар як қисми сохтмон дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Бино барои 480 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, ба истифода додани он дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бунёд ва ба истифода додани чунин муассисаҳои замонавӣ шаҳодати равшани ғамхории пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди соҳаи маориф ва беҳтар намудани шароити таълим барои насли наврас мебошад.

Бо бунёди иншооти мазкур шароити таълим дар ноҳияи Сангвор боз ҳам беҳтар гардида, имконияти фарогирии бештари хонандагон ба таҳсил фароҳам меояд.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

БОЗДИД АЗ СОХТМОНИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МТМУ №1-И НОҲИЯИ САНГВОР img
БОЗДИД АЗ СОХТМОНИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МТМУ №1-И НОҲИЯИ САНГВОР img
БОЗДИД АЗ СОХТМОНИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МТМУ №1-И НОҲИЯИ САНГВОР img

    Добавить комментарий

    Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *