26.04.2024 вилояти Хатлон
Тибқи дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати шиносоӣ аз рафти татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ гурӯҳи кории Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия» дар вилояти Хатлон қарор дорад. Ҳадаф аз сафари гурӯҳи корӣ Марказ иҷрои Нақшаи кории Вазорати маориф ва илм дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ва шинос гардидан бо вазъи кабинетҳои технологияи иттилоотӣ, ҳолати пайваст будани онҳо ба шабакаи Интернет, ҳамчунин, истифодаи маводи омӯзишии рақамӣ дар раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумист. Санаи 19-25 соли ҷорӣ гурӯҳи корӣ аз кабинетҳои технологияи иттилоотии муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Дустӣ, Вахш, Левакант, Ёвон, Абураҳмои Ҷомӣ, Данғара, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Кӯлоб, Шамсиддини Шоҳин боздид ба амал овард. Дар анҷоми мушоҳидаву таҳлил аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба масъулин барои беҳтар кардани сифати таълим тавассути технологияи муосир тавсияҳои судманд дода шуд.