БОРИ АВВАЛ ХОНАНДАИ ТОҶИК ДАР МАКТАБИ ТОБИСТОНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ИШТИРОК НАМУД

Навидҳо

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бори аввал аз Ҷумҳурии Тоҷикистон хонандаи синфи 10-и Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Кӯлоб Даминов Муҳаммадюнус дар мактаби тобистонаи байналмилалии шаҳри Лондони Британияи Кабир иштирок намуд.

Мактаби тобистонаи байналмилалӣ бо ҷалби хонандагони зиёда аз 80 кишвари ҷаҳон ташкил шуда, раванду барномаи таълимии он аз ҷониби дорандагони ҷоизаи бонуфузи Нобел роҳандозӣ мегардад.

Машғулиятҳо асосан ба фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ равона гардида, барои рушди ҷаҳонбинии илмии насли наврас ва тавсеаи дониши касбӣ имконияти беназир фароҳам меоранд.

Иштироки намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин як чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ далели равшани боло рафтани сифати таҳсилот ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

БОРИ АВВАЛ ХОНАНДАИ ТОҶИК ДАР МАКТАБИ ТОБИСТОНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ИШТИРОК НАМУД img

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *