БУВАД ПОЯНДА ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИК!

Навидҳо

Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳтарам аҳли маориф!

Ҳамватанони азиз!

Истиқлоли давлатии Ватани маҳбуби мо, ки ифодагари ифтихори миллӣ ва шаъну шарафи мост, 35-сола шуд ва ин ҷашни фархундаро тамоми сокинони мамлакат бо сари баланд ва бо нишоту фараҳмандӣ таҷлил менамоянд.

Истиқлол дар ҳаёти халқи куҳанбунёду волонажоди тоҷик, халқе, ки табиатан гаравиш ба дӯстӣ ва сулҳу ваҳдат дорад, гардиш ва таҳаввулоти ҷиддӣ ба вуҷуд овард ва марҳалаи навинеро оғоз бахшид ва ин марҳала аз ибтидо ба азму иродаи қавӣ, рисолати олии ватандорӣ ва бо ҳувияти миллии тоҷикони шарафманд иртибот пайдо кард. Истиқлол имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати мустақил, кишвари амну озод ва диёри мардуми тамаддунпарвар шинохтаву эътироф карда шавад.

Вақте ки сухан аз Истиқлоли давлатиамон ба миён меоварем, пеш аз ҳама, симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷилвагар мешавад. Зеро маҳз Пешвои миллат барои пойдори истиқлоли кишвари маҳбуби хеш фидокорона ҷидду ҷаҳд намуда, пояҳои давлатдории миллиро устувору бегазанд карданд ва ба тоҷикон шуҳрату эътирофи ҷаҳонӣ оварданд. Сарвари кишвар Истиқлоли давлатиро ҳамчун «бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишони олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик, асосии хушбахтию сарбаландии тамоми сокинони Тоҷикистон» тавсиф бахшида, аз аҳли диёр даъват бинмудаанд, ки посдори ҳамешагии истиқлол бошанд ва пайваста баҳри безаволию устувории ин дастоварди таърихии миллат ҷидду ҷаҳд намоянд.

Истиқлоли давлатӣ дар қатори соҳаҳои дигари ҳаёти мамлакат ба рушди бесобиқаи соҳаи маориф ва тақвияти рӯзафзуни фаъолияти аҳли таълиму тарбия мусоидат кард. Бо ибтикори Сарвари кишвар маориф соҳаи имтиёзнок эълон гардид ва барои ислоҳоти фарогир дар ин соҳа тамоми шароит фароҳам оварда шуд. Барои омӯзгорон имтиёзҳо муқаррар гардиданд, музди кори онҳо давра ба давра зиёд шуд, бунёди таълимгоҳҳои нав авҷ гирифт, муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти замонавӣ комилан таъмин гардиданд, барномаю нақшаҳои таълимӣ таҷдиди назар шуданд, китобу дастурҳои нави таълимӣ бо мазмуну муҳтавои иртиботманд ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ рӯйи даст омаданд, сохтори идораи соҳа низ хеле таҷдид ёфт. Дар маҷмуъ, агар мо имрӯз натиҷаи ин сиёсатро бо забони омор таҳлил намоем, пеши назар симои Тоҷикистони дигаргуншуда намудор мегардад.

Дар соли таҳсили 1991-1992 дар ҷумҳурӣ 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият мекард. Дар соли таҳсили 2025-2026 шумораи онҳо ба 4056 муассиса расидааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ 4135 бино ва бинои иловагии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 888 ҳазору 531 ҷойи нишаст дар як баст сохтаву мавриди истифода қарор гирифтааст. Барои ин корҳои бузурги созандагӣ беш аз 8,3 миллиард сомонӣ равона гардидааст.

Таваҷҷуҳ ба таҳсилоти томактабӣ низ дар ҳамин замина аҳаммияти махсус дорад. Агар соли 2010 дар ҷумҳурӣ 488 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият мекард, имрӯз шумораи онҳо ба 831 муассиса расидааст. Дар баробари ин, марказҳои рушди кӯдак ва шаклҳои алтернативии омодагӣ ба мактаб густариш ёфтанд.

Дар таҳсилоти олӣ бошад, мо шоҳиди дигаргуние ҳастем, ки онро метавон яке аз муҳимтарин нишондиҳандаҳои рушди сармояи инсонӣ дар даврони Истиқлол арзёбӣ намуд.

Соли таҳсили 1991-1992 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият дошта, дар онҳо 69 ҳазору 300 донишҷӯ таҳсил мекард. Имрӯз шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 51 расида, теъдоди донишҷӯён аз 226 ҳазор нафар гузаштааст. Яъне, шумораи муассисаҳои таҳсилоти олӣ қариб чор баробар ва шумораи донишҷӯён беш аз се баробар афзудааст. Дар баробари ин, имрӯз беш аз 41 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд. Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» низ барои дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод ва омода намудани мутахассисон дар донишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳон имконияти нав фароҳам овард.

Хушбахтона, дастовардҳои аҳли маориф зиёду шоистаи ситоишанд ва онҳо, дар маҷмуъ, бозгӯи онанд, ки маорифи тоҷик дар аҳди истиқлол ба сатҳи баланд расидаву ба яке аз омилҳои муҳимми ифтихори миллию шарафи ватандорӣ табдил ёфтааст. Силсилаи асноди давлатие, ки дар солҳои Истиқлоли давлатӣ вобаста ба соҳаи маориф ба тасвиб расиданд, ба такмили сатҳу сифати таълиму тарбия мусоидат карданд, боиси сари кор омадани мутахассисони варзидаи бозгӯй ба талаботи замони муосир гардиданд ва таҳсилотро дар ҷумҳурӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ намуданд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” ҳамчунин, ба боз ҳам боло рафтани обрӯю эътибори омӯзгорон дар ҷомеа созгор гашт. Дар маҷмуъ, арҷгузорӣ ба соҳаи маориф дар кишвари соҳибистиқлоли мо мусоидгар ба пешрафти бесобиқаи тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва заминагузор ба фардои боз ҳам дурахшони Ватани азизамон гардидааст.

Дӯстони муҳтарам!

Истиқлоли мо волотарин сарвати миллат буда, омили асосии ҳастии давлат ва халқи мост. Истиқлоли мо ҳамбастагии ногусастанӣ бо сулҳу ваҳдат ва бунёдкорию созандагӣ дорад ва миллати моро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Онро бояд шарафмандона пос дорем ва барои шукуфоии ҳамешагияш кӯшиш намоем.

Ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз ва 35-умин солгарди ин Истиқлоли нишотбахш самимона табрику таҳният мегӯям ва таманнои онро дорам, ки ҳама дар канори дилпазиру пурифтихори Истиқлоли Ватан хушбахту сарбаланд ва пешраву саодатманд бошему ҳамвора диёри арҷмандамонро ободу зеботар бисозем.

Ҷашни Истиқлоли тоҷик муборак бод!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *