Дар доираи ҳадафҳои Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ бо дастгирии техникии молиявии шарикони рушд – Иттиҳоди Аврупо ва Хазинаи кӯдакони СММ аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор варақаҳои иттилоотии “Муаррифии Moodle”, “Амният, муҳофизат ва бехатарии маълумоти шахсӣ ҳангоми истифодаи технологияҳои рақамӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ”, “Муаррифии бартариҳои планшет”, “Паёмади сиёсатгузорӣ оид ба амният, муҳофизат ва бехатарии маълумоти шахсӣ ҳангоми истифодаи технологияҳои рақамӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар асоси таҷрибаҳои ҷаҳонӣ”, “Муаррифии BigBlueButton”, “Муаррифии бартариҳои компютерҳои яккаабзор”, “Нақшаи намунавӣ: нақши мактаб дар раванди рақамикунонии таҳсилот” таҳия гардида, бо теъдоди муайян нашр карда шуд.
Варақаҳои иттилоотии мазкур барои омӯзгорону кормандони соҳаи маориф, хонандагону падару модарон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пешбинӣ гардида, дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ паҳн карда мешавад.
Нусхаҳои электронии варақаҳои иттилоотиро хоҳишмандон метавонанд аз сомонаи Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия дастрас намоянд.