Имрӯз, 22 июни соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо роҳбари дафтари минтақавии Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE) хонум Трине Петерсен ва намояндаи шарики мазкур Филип Финелл баргузор гардид.
Дар оғози мулоқот вазири маориф ва илм меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз таваҷҷуҳи пайвастаи Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф нисбат ба рушди низоми маорифи кишвар изҳори сипос намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба, натиҷаҳои ҳамкориҳои солҳои охир, инчунин дурнамои татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE) тайи солҳои охир ҳамчун яке аз шарикони асосии рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати давлатӣ, пешбурди ислоҳоти соҳавӣ ва таҳкими иқтидори низоми маориф саҳми назаррас гузоштааст. Бо дастгирии ин шарики рушд як қатор ташаббусҳои муҳимми соҳавӣ амалӣ гардида, барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, такмили муҳити таълим ва беҳтар намудани низоми идоракунии соҳа заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
Вазир зимни суханронии худ иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди сармояи инсонӣ ва такмили соҳаи маориф ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар ин замина, рушди низоми таҳсилот, такмили сифати таълим, рақамикунонии соҳа ва баланд бардоштани сатҳи омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ аз ҳадафҳои муҳимми давлатӣ ба ҳисоб мераванд.
Ҳамзамон, саҳми GPE дар татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф, такмили банақшагирии соҳавӣ, рушди низоми мониторинг ва арзёбӣ, таҳкими иқтидори кадрӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти шарикони рушд баланд арзёбӣ гардид.
Дар рафти мулоқот аз натиҷаҳои амалисозии Лоиҳаи муштараки “Дастгирии амалинамоии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ёдовар шуда, таъкид гардид, ки татбиқи он барои таҳкими иқтидори омӯзгорон, беҳтар намудани таъминоти методӣ, рушди таҳсилоти фарогир ва баланд бардоштани сифати таълим мусоидати назаррас намудааст.
Ҷонибҳо инчунин фаъолияти Гурӯҳи маорифи маҳаллӣ (LEG)-ро ҳамчун механизми муҳимми ҳамоҳангсозии фаъолияти шарикони рушд ва таҳияи қарорҳои муштарак дар самти рушди соҳаи маориф мусбат арзёбӣ намуда, омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд дар ин самт таъкид карданд.
Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон дар марҳилаи муҳимми татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф қарор дошта, масъалаҳои рушди таҳсилоти томактабӣ, рақамикунонии низоми маориф, баланд бардоштани сифати таҳсилот, таъмини таҳсилоти фарогир ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ба шумор мераванд.
Дар анҷоми вохӯрӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарият ва ҳайати Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE) барои ҳамкории созанда, дастгирии ҳамаҷониба ва саҳми арзанда дар рушди низоми маорифи кишвар изҳори миннатдорӣ намуда, омодагии Вазорати маориф ва илмро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар ҳамаи самтҳои афзалиятноки соҳа таъкид кард.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон


