ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО ҲАЙАТИ ГУРӮҲИ КОРИИ БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ

Навидҳо

Имрӯз, 21 ноябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии кории вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо ҳайати гурӯҳи кории Бонки Умумиҷаҳонӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовини вазири маориф ва илм, инчунин Тигран Шмис, сармутахассиси пешбари соҳаи маориф ва роҳбари гурӯҳи корӣ, Саурав Дев Бхатта, сармутахассис оид ба иқтисодиёт ва муовини роҳбари гурӯҳ, Алмира Закиева, мутахассис оид ба таҳсилот ва Раҳимҷон Асангазиев, сармутахассиси амалиётии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон иштирок намуданд.

Вазири маориф ва илм иштирокчиёни вохӯриро ба вазорат хайрамақдам гуфта, аз сатҳи ҳамкориҳои судманди Вазорати маориф ва илм бо Бонки Умумиҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ кард. Зикр шуд, ки Бонки Умумиҷаҳонӣ аз шарикони хеле муҳимми рушди соҳаи маориф дар Тоҷикистон маҳсуб ёфта, татбиқи лоиҳаи “Муҳити таълим — асоси таҳсилоти босифат” дар чанд соли охир ба беҳсозии инфрасохтор, ҷиҳозонидани муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти муосир ва болоравии сатҳи савияи касбии омӯзгорон таъсири назаррас гузоштааст.

Вазир миннатдории махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои таҳия ва тасдиқи «Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баён намуд. Таъкид шуд, ки ин ҳуҷҷати муҳим бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардида, ҳамчун асноди роҳнамо барои рушди минбаъдаи маориф хизмат мекунад.

Зикр гардид, ки дар доираи миссияи мазкур ҳайати Бонки Умумиҷаҳонӣ як қатор вохӯриҳои муҳимму натиҷабахшро бо сохторҳои соҳавӣ, аз ҷумла, бо Маркази миллии тестӣ оид ба мавзуи иштироки Тоҷикистон дар арзёбии байналмилалии PIRLS-2026 баргузор намуданд. Ин иқдом барои арзёбии сатҳи хониши хонандагони синфи 4 ва муайян кардани самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи таълим аҳамияти хос дорад.

Аз ҷониби вазир ҳамчунин ба ташкили модулҳои нав барои такмили ихтисоси омӯзгорон, таҳияи роҳнамоҳои арзёбии сифати таҳсилот, аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таълимӣ, инчунин таъмиру азнавсозии 11 муассисаи таълимии кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ аз ҳамкориҳои судманд бо Вазорати маориф ва илм изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки Тоҷикистон дар солҳои охир дар самти рушди таҳсилоти умумӣ пешравиҳои муҳимро ба даст овардааст. Онҳо изҳор доштанд, ки Бонки Умумиҷаҳонӣ омода аст минбаъд низ дар иҷрои ислоҳоти низоми таълим, таҳкими иқтидори омӯзгорон ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ҳамкориҳоро густариш диҳад.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои тақвияти ҳамкориҳо ва татбиқи босамари марҳилаҳои минбаъдаи лоиҳаҳо таъкид намуданд. Иброз шуд, ки натиҷаҳои бадастомада барои беҳсозии муҳити таълим ва баланд бардоштани сифати таҳсилот мусоидат хоҳад кард.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *