29 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо вазири таҳсилоти олӣ ва касбӣ, инноватсия, илм ва рушди технологияи Ҷумҳурии Зимбабве Фредерик Шава баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба масоили рушди таҳсилоти олӣ ва касбӣ, густариши робитаҳои илмӣ, табодули таҷриба ва иқдомоти инноватсионӣ дар низоми маориф мубодилаи афкор намуданд. Ҳарду ҷониб омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои муҳим изҳор дошта, ба зарурати истифодаи таҷрибаи пешқадам ва ҳамгироии технологияҳои муосир дар низоми таълим таъкид карданд.
Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, тақвияти ҳамкориҳо миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ (AI) дар раванди таълим, ҳамчунин созмондиҳии тадқиқотҳои муштарак дар соҳаҳои илм ва технологияи инноватсиониро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар соҳаи маориф яке аз абзорҳои муҳимми тақвияти робитаҳои байнидавлатӣ унвон намуда, изҳор дошт, ки дар асоси сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули низоми рақамии таҳсилот ва рушди равобити байналмилалӣ дар бахши илм ва маориф тадбирҳои муассир роҳандозӣ шудааст.
Дар навбати худ, Фредерик Шава таваҷҷуҳи ҷиддии Ҷумҳурии Зимбабверо ба истифодаи технологияҳои рақамӣ ва табодули таҷрибаи илмӣ таъкид намуда, омодагии кишварашро барои таҳияи барномаҳои муштарак, даъвати донишҷӯён ва олимони тоҷикро ба форумҳои илмӣ ва ташкили лоиҳаҳои муштарак иброз дошт.
Дар интиҳои вохӯрӣ ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ин гуфтугӯи сатҳи олӣ заминаи мусоиди тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф, илм ва инноватсия хоҳад гардид.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон


