ВОХӮРИИ СУДМАНД БО РОҲБАРИ ГУРӮҲИ ҲАМКОРИҲОИ МИНТАҚАВИИ ШАРИКИИ ГЛОБАЛӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ

Навидҳо

9 июни соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо роҳбари Гурӯҳи ҳамкориҳои минтақавии Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф Муҳаммад Тариқхон вохӯрӣ доир намуд.

Дар оғози вохӯрӣ вазири маориф ва илм ташрифи меҳмононро ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид намуд, ки ҳамкориҳои густурдаи вазорат бо Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф дар самтҳои дастрасӣ ба таҳсилот, муҳити бехатар ва мусоиди омӯзиш, сифати таҳсилот ва рушди малакаҳо ҷараён дошта, дар заминаи се гранти муҳимми байналмилалӣ мавриди татбиқ қарор доранд.

Вазири маориф ва илм зикр намуд, ки дар доираи ҳамкориҳо лоиҳаҳои муҳимми стратегӣ татбиқ шуда истодаанд, ки ҳадафашон баланд бардоштани сифати таҳсилот ва тавонмандсозии омӯзгорон мебошад. Зимни суханронӣ инчунин вобаста ба ислоҳоти соҳаи маориф, аз ҷумла, таҳким бахшидани сифати таҳсилот, таҳсилоти фарогир ва омодасозии кадрҳои баландихтисос ишора шуд.

Дар навбати худ, роҳбари Гурӯҳи ҳамкориҳои минтақавии Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф Муҳаммад Тариқхон бо изҳори миннатдорӣ барои пазироии самимона, изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ислоҳоти маориф намунаи ибрат буда, таҷриба ва пешрафтҳо дар ин бахш шоистаи омӯзиш ва таблиғ мебошанд. Ӯ афзуд, ки GPE омодааст, минбаъд низ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувори соҳа ҳамаҷониба дастгирӣ намояд.

Дар охир вазир барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ислоҳоти маориф дар Тоҷикистон изҳори сипос намуда, изҳори умедворӣ кард, ки ин вохӯрӣ ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд мусоидат хоҳад кард.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикисто

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *