Даври минтақавии озмуни «Барномасози ҷавон»

Навидҳо

Бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуниктсия» рӯзи 7-уми декабри соли 2022, ҷиҳати иҷрои фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2022, №690 даври минтақавии озмуни «Барномасози ҷавон» оид ба технологияњои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин бо мақсади баланд бардоштани сатҳи фарҳанги техникӣ, маданияти иттилоотии интернетӣ, оммафаҳмии технологияи иттилоотӣ, тарғиби имкониятҳои шабакаи интернет дар рушду сатҳи дониш, дараҷаи ҷаҳонбинии наврасон ва ҷавонон байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ гузаронида шуд.

Дар озмуни мазкур панҷ нафар хонандагон сазовори ҷойи ифтихорӣ гардидаанд, аз он ҷумла, ҷойи якум Витъко Никалай хонандаи синфи 7-и Гимназияи тољикӣ-русӣ ба номи А. С. Пушкин-и ноҳияи Рӯдакӣ, ҷойи дуюм Мирзоев Парвиз хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-и ноҳияи Варзоб, Райҳонаи Шамшод хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилотим миёнаи умумии №55-и шаҳри Ваҳдат, ҷойи сеюм Меҳринисои Меҳроҷиддин хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилотим миёнаи умумии №2-и шаҳри Роғун ва Авазова Мухлиса хонандаи синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и шаҳри Турсунзода.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *