ДАР ДОИРАИ ҲАФТАИ ИЛМ ИМРӮЗ ФОРУМИ НАВРАСОНИ АСРИ ТЕХНОЛОГИЯ БАРГУЗОР ШУД

Навидҳо

20 майи соли 2026 дар IT Park-и шаҳри Душанбе Форуми наврасони асри технология бо иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт оғоз гардид.

Дар чорабини роҳбарият ва ҳайати кормнадони Муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе”, ҳайати ҳакамон ва хонандагни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт иштирок намуданд.

Зимни ифтитоҳи чорабинӣ қайд карда шуд, ки ҳамасола бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарм Рустами Эмомалӣ дар пойтахт “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” бо шукӯҳ баргузор карда мешавад.

Форуми наврасони асри технология дар доираи ҳафтаи мазкур баргузор гардида, дар баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, бедор намудани шавқу рағбати хонандагон ба эҷодкорӣ, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ ва риёзӣ, дастгирии ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон ва дарёфту муаррифии истеъдодҳои нав дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе мусоидат менамояд.

Дар доираи Форум, иштирокчиён лоиҳаҳои худро аз рӯи номинатсияҳои «Барномаи компютерӣ», «Замимаи мобилӣ», «Web-сомона», «Чат-бот» ва «Дизайни графикӣ (UI/UX)» муаррифӣ намуданд.

Аз ҷониби ҳайати ҳакамон лоиҳаҳо баҳогузорӣ шуда, ғолибон муайян карда шуданд. Ғолибон дар маросими тантанавии ҷамъбасти “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” қадрдонӣ гардида, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд карда мешаванд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои дарёфт ва рушди истеъдодҳои наврас ва ҷавон шароит фароҳам оварда, нерӯи онҳо барои пешрафти соҳаҳои илм, технология ва тиҷорати рақамӣ қавитар мегардонад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *