Рӯзи дуюми семинар, ки 19 сентябри соли 2024 баргузор шуд, ба омӯзиши амиқтар ва амалии Системаи иттилооти идоракунии соҳаи маориф (EMIS) бахшида шуд. Иштирокчиён дар як фазои интерактивӣ ба омӯзиши функсияҳои пешрафтаи система шурӯъ карданд. Мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия бо тарзи амалӣ нишон доданд, ки чӣ гуна истифодаи EMIS метавонад равандҳои идоракунӣ дар муассисаҳои таълимиро самараноктар гардонад.
Дар ин рӯз, таваҷҷуҳи махсус ба идоракунии раванди таҳсилот ва фаъолияти таълимӣ тавассути система равона шуд. Иштирокчиён бо роҳҳои оптимизатсияи идоракунии ҳуҷҷатгузорӣ, назорат ва баҳисобгирии ҳозирии хонандагон, идоракунии захираҳои таълимӣ ва омодасозии ҳисоботҳои таҳлилӣ шинос гардиданд. Илова бар ин, имкониятҳои пайгирии пешрафти таълим ва назорати доимии сифати таҳсилот тавассути EMIS дар мисолҳои амалии воқеӣ нишон дода шуданд.
Яке аз масъалаҳои муҳим, ки баррасӣ гардид, таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи маълумоти шахсӣ буд. Таваҷҷуҳи хос ба чораҳои амнияти рақамӣ, ҳифзи махфияти хонандагон ва ҳимояи маълумот аз дастрасии ғайриқонунӣ зоҳир гардид. Мутахассисон қадамҳои заруриро барои ташкили низоми бехатар дар муассисаҳои таълимӣ тавсия доданд.
Чорабинӣ бо муҳокимаи фаъолонаи масъалаҳои марбут ба истифодаи система ва табодули таҷрибаи муассисаҳои алоҳида анҷом ёфт. Иштирокчиён фикру мулоҳизаҳои худро иброз намуда, дар атрофи роҳҳои беҳтар кардани татбиқи система мубодилаи афкор карданд.