Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мустаҳкам намудани заминаҳои моддӣ-техникӣ ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо техникаву технологияҳои муосир тадбирҳои зиёде амалӣ намуда истодааст. Яке аз чунин тадбирҳо ин ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо шарикони рушд мебошад. Аз ҷумла, дар ҳамкорӣ бо ширкати байналмилалии ИРТЕХ (IRTech)-и Федератсияи Россия, бо мақсади такмил додан ва азнавсозии низоми иттилоотию идоракунии соҳаи маориф, насб кардани серверҳо, компютерҳои фардӣ, барномаҳои компютерӣ ва истифодаи онҳо дар соли 2024 баргузории озмоиш ба нақша гирифта шудааст. Озмоиш тибқи нақшаи корӣ дар 174 муассисаи таълимии ду минтақа – шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Темурмалик бо мақсади роҳандозии Низоми иттилоотии идоракунии соҳаи маориф (ЕMIS) сурат мегирад.
Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, дар ҳамкорӣ бо ширкати ИРТЕХ, барои кормандон ва масъулини соҳа дар мавриди истифодаи Низоми иттилоотии идоракунии соҳаи маориф (EMIS) омӯзиш гузаронида, бо мақсади дастрас намудани воситаҳои лозима дар доираи лоиҳаи «Харид, расонидан ва насби таҷҳизот” барои EMIS дар доираи лоиҳаи муштараки БИР/ШГМ барои дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон-TJK1025» бо саҳмгузории #IsDB/#GPE. барои 72 шуъбаи маорифи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ва 174 муассисаи таълимии ду минтақа – шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Темурмалик, таҷҳизотҳои зеринро таъмин намуд:
• маноблок;
• модем;
• ноқил (Удлинитель);
• UPS.
Боиси тазаккур аст, ки амалӣ гардидани тадбирҳои мазкур дар самти рақамикунонии соҳаи таҳсилот такони ҷиддӣ бахшида, дар ҷорӣ гардидани низоми муосири иттилоотӣ дар муассисаҳои таълимӣ мусоидати бештар менамояд.