ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ МУОСИРИ ТЕСТӢ ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

Навидҳо

Бо ташаббуси шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рақамикунонии соҳаи маориф, рушди технологияҳои иттилоотӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маркази муосири тестӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар маросими ифтитоҳи он директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода, директори Маркази ТИК-и назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дигар масъулин иштирок намуданд.

Қайд карда шуд, ки маркази муосири тестӣ дорои 80 адад компютери муосир ва дигар таҷҳизотҳои техникӣ буда, бо интернети баландсуръат таъмин мебошад. Ин марказ барои омодагӣ ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, баргузории санҷишҳо, тестгузаронӣ, машғулиятҳои омӯзишӣ ва рушди малакаҳои рақамии хонандагон пешбинӣ шудааст. Таъсиси чунин марказ ба баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагон, рушди тафаккури техникӣ ва мутобиқ намудани низоми таълим ба талаботи замони муосир мусоидат менамояд.

Зимни шиносоӣ бо имкониятҳои марказ масъулин иброз доштанд, ки истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълим яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ пайваста амалӣ карда мешаванд.

Инчунин, таъкид гардид, ки таъсиси чунин марказҳои муосир барои омодагии бештари хонандагон ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, рушди малакаҳои рақамӣ ва мутобиқ намудани низоми таълим ба талаботи ҷомеаи иттилоотӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷиҳати беҳтар намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *