ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК

Навидҳо

Имрӯз, 13 сентябри соли 2025 дар деҳаи Даҳани намаки ноҳияи Темурмалик бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бинои муассисаи таълимӣ бо маблағҳои мутамаркази буҷети давлатӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илм сохта шуда, аз 2 ошёна иборат аст. Тарҳи бино бо назардошти талаботи муосири муҳандисӣ таҳия гардида, дар он 6 синфхонаи таълимӣ, кабинетҳои фаннӣ, синфхонаи компютерӣ бо таҷҳизоти техникии замонавӣ, хонаи омӯзгорон, инчунин ҳуҷраи кории роҳбарияти муассиса бо тамоми лавозимоти зарурии корӣ таъмин гардида, барои ташкили раванди таълим дар сатҳи баланд заминаи воқеӣ фароҳам овардааст.

Дар ҳудуди муассиса майдончаи варзишӣ сохта шуда, низоми гармидиҳии мутобиқ ба талаботи замони имрӯза мавриди истифода қарор дода шудааст. Инчунин, барои ҷалби кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ дар назди муассиса Маркази инкишофи барвақтии кӯдак сохта шудааст.

Дар ҷараёни ифтитоҳ, муовини вазири маориф ва илм бо хонандагону омӯзгорон мулоқоти самимӣ доир намуда, аз таваҷҷуҳи пайваста ва дастгириҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи маориф ёдовар шуд.

Зимни суҳбат таъкид гардид, ки сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар дар роҳи таҳкими пояҳои илму маърифат, бунёд ва таҷдиди муассисаҳои таълимӣ, инчунин фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои таҳсили шоистаи насли наврас равона гардида, ҳар як иқдоми созанда дар ин самт нишони эҳтироми хоса ба ояндаи дурахшони Ватан маҳсуб меёбад.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК img
ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК img
ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК img

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *