ИҶРОИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҶИҲАТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲУ СИФАТИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ

Навидҳо

Имрӯз, 1-уми апрели соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ҷаласаи кории вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо директорони муассисаҳои таълимӣ, муовинони директорон ва раисони кумитаҳои падару модарони муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо кумитаҳои падару модарон, риояи либосҳои тавсиявӣ аз ҷониби хонандагон, таъмини хонандагон бо китобҳои дарсӣ, бо худ овардани китобҳои дарсӣ аз ҷониби хонандагон, пардохти ғайринақдии маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ, баланд бардоштани ҳисси миллии хонандагон, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳои роҳбарикунанда дар муассисаҳои таълимӣ, фарогирии сартосарии кӯдакону наврасон ба таълиму тарбия, гирифтани пеши роҳи воридшавии хонандагон ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, шабакаҳо иҷтимоӣ ва сомонаҳои мамнуъ, баланд бардоштани саводи расонаии хонандагону омӯзгорон, роҳ надодан ба ҷалби хонандагону омӯзгорон ба корҳо ва чорабиниҳои ба таълиму тарбия новобаста, иштироки хонандагону омӯзгорон дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм — фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон — Ватани азизи ман»,  тарғибу ташвиқи олимпиада ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар миёни хонандагон, роҳ надодан ба ақидаҳои хурофотӣ, пешгирии гирифтани таълимоти ғайриқонунии динӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон, сабзу хуррам гардонидани атрофи муассисаҳои таълимӣ, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар масъалаи самаранок истифода бурдани қувваи барқ ва об, тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» дар бораи ҳатмӣ гардидани таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҷалби хонандагон ба таҳсил дар синфҳои 10 ва 11 ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон, зиёд намудани шумораи маҳфилҳои наздимактабӣ, фарогирии бештар ба таҳсилоти иловагӣ, омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, ташкили марказҳои инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҳуҷҷатсупории хонандагони синфи 11 ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. 

Вазири маориф ва илм вобаста ба масъалаҳои баррасигардида ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Дар охир аз ҷониби ҳозирин таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардида, мубодилаи афкор сурат гирифт.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *