МАОРИФ: ОМОР, МУШКИЛОТ ВА РОҲИ ҲАЛ

Навидҳо

08.02.2024. Фаронса, Париж

Мусаллам аст, ки ЮНЕСКО дар роҳи татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор барои давраи то соли 2030 иқдомҳои зиёдеро рӯйи даст мегирад. Як самти муҳиме, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо ҷомеаи инсониро ба пешрафт муваффақ мегардонад, маориф аст.

Ин мавзуъ дар шаҳри Париж, дар Конфронси EDUCATION DATA AND STATISTICS мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ёдовар мешавем, ки Конфронс давоми 3 рӯз идома ёфта, дар он зиёда аз 147 кишвари дунё намояндагон аз соҳаи маориф ҷамъ омада, доир ба мушкилоти мавҷудаи соҳаи маориф ва дарёфти роҳҳои бартараф намудани онҳо суханронӣ ва муҳокимаҳо сурат гирифтанд.

Дар ҳамоиш и.в. директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Komron Holov иштирок намуд.

Дар ҳақиқат, барои рушди ин соҳаи ҳаётан муҳим ва ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, “Омили амнияти миллӣ” омори дуруст нақши муҳим мебозад.

Мавриди зикр аст, ки дар самти маориф ду тағйироти муҳим пешравии соҳаро таҳрик мебахшанд. Аввалан, ҷорӣ шудани натиҷаҳои нави нишондиҳандаҳое, ки ба омӯзиш алоқаманданд. Дуюм, дар арзёбии баъзе нишондиҳандаҳои муқарраршуда такя кардан ба сарчашмаҳои сершумори маълумот. Ин дигаргуниҳо имкониятҳои хубтар ба вуҷуд оварда, ҳамзамон, талаботро нисбат ба танзими миллии омор дар саросари ҷаҳон зиёд мекунанд.

Он чи ки барои татбиқи ҲРУ боиси нигаронист, эҳтиёҷот ба маълумот аст. Ин ҳолат ҷомеаи байналмилалиро водор намуд, ки бо таъсиси Гурӯҳи ҳамкориҳои техникӣ оид ба нишондиҳандаҳо, ба намояндагии баробар ва иштироки фаъолонаи давлатҳои аъзои ЮНЕСКО таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.

Тибқи меъёрҳои муқарраршудаи Гурӯҳи ҳамкориҳои техникӣ омори маориф соли 2023 муайян шуд. Якчанд консепсия ва равандҳо ҳоло ҳам иштироки гурӯҳи васеи ҷонибҳои манфиатдорро талаб мекунанд. Барои ташкил кардани мубоҳисаи васеътар таваҷҷуҳ ба масъалаҳои асосӣ, истифода бурдани дастовардҳои охирин ва равшан кардани мушкилоти мавҷуда дар конфронси ояндаи ЮНЕСКО зарурат эҳсос мешавад. Ҳадафҳои Рушди Устувор оид ба маълумот ва омори маориф дар Конфронси ЮНЕСКО ҳамчун муколамаи доимӣ пешбинӣ шудаанд.

Баррасии таъсири таҳаввулоти технологӣ ба омори маориф ба ҷомеа имконият медиҳад, ки мушкилоти мавҷуда дар ин самт ҳалли дурусти худро ёбанд.

Маркази Ҷумҳуриявии Технологияи Информатсионӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *