МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА ТАҲИЯИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛӢ ДАР САМТИ ТАҲСИЛОТИ МАРБУТ БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ

Навидҳо

Имрӯз, 21 ноябри соли 2025 дар меҳмонхонаи «Серена» мизи мудаввар оид ба таҳияи Стратегияи миллӣ оид ба таҳсилоти марбут ба тағйирёбии иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода, муовини роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Эри Двиведи, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони сохторҳои тобеи он, намояндагони шарикони рушд, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Чорабиниро муовини вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки масъалаи тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба ҳаёти ҷомеа, бахусус ба кӯдакон, яке аз масъалаҳои ҷиддии ҷаҳонӣ мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои муҳимро дар самти баланд бардоштани маърифати экологӣ ва иқлимӣ гузоштааст. Аз ҷумла, Барномаи давлатии рушди маърифати экологӣ барои солҳои 2021-2025, ҳамгироии идоракунии хавфҳои офат ва устувории иқлим дар ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ ва дигар шарикон, инчунин қабули Чаҳорчӯбаи ҳамаҷонибаи бехатарии мактабҳо (GADRRRES) дар соли 2024 аз ҷумлаи иқдомҳои муҳимми давлатӣ мебошанд.

Дар идома муовини роҳбари Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, зимни баромади худ таъкид кард, ки масъалаи тағйирёбии иқлим ба наслҳои оянда ва соҳаи маориф таъсири амиқ дорад ва ҳалли он танҳо бо ҳамкории зичи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор имконпазир аст. Ӯ омодагии ЮНИСЕФ-ро барои идомаи ҳамкориҳои муфид бо Вазорати маориф ва илм дар самти таҳияи Стратегияи миллӣ оид ба таҳсилоти марбут ба тағйирёбии иқлим ва татбиқи амалии он изҳор дошт.

Дар ҷараёни кори мизи мудаввар инчунин натиҷаҳои таҳқиқоти ташхисии ЮНИСЕФ оид ба таҳсилоти марбут ба тағйирёбии иқлим дар муассисаҳои таълимии кишвар муаррифӣ гардиданд. Иштирокчиён масъалаҳои ворид намудани мавзуъҳои иқлимӣ ба барномаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ, сохтмони муассисаҳои таълимии ба иқлим тобовар ва имкониятҳои маблағгузории берунаро мавриди муҳокима қарор доданд. Ҳамзамон самтҳои муҳим, аз ҷумла ҳамоҳангсозии байниидоравӣ, мониторинг ва арзёбӣ, ҷамъоварии маълумот ва далелҳои илмӣ, ҷалби ҷавонон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ин раванд баррасӣ шуданд.

Дар натиҷаи муҳокимаҳо иштирокчиён таъкид намуданд, ки таҳияи Стратегияи миллӣ оид ба таҳсилоти марбут ба тағйирёбии иқлим барои ҳамгироии масъалаҳои иқлимӣ ба низоми таҳсилот, баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа ва таҳкими устувории экологии кишвар аҳаммияти бузург дорад.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *