04.07.2025
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи “Дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷиҳати натиҷагирӣ аз низоми бисёрхола (10-хола) дар 45 муассисаҳои озмоишии ҷумҳурӣ мониторинг гузаронид.
Мониторинг бо мақсади арзёбии сатҳи омодагии муассисаҳо, дарки таҷрибаи ҷонибҳои манфиатдор аз низоми нави баҳогузорӣ ва муайян кардани камбудиҳо ҷиҳати таҳкими зарфиятҳо пеш аз оғози татбиқи умумимиллии он, равона карда шуд.
Дар семинар гурӯҳи корӣ аз натиҷаи мониторинги гузаронидашуда муҳокимаҳои судманд анҷом дода, барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани низоми мазкур дар қадамҳои минбаъда пешниҳодҳои муфид иброз карданд.
Аз ҷумла, густариш ва таҳкими барномаҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон ва директорони муассисаҳои таълимӣ оид ба арзёбии меъёрӣ ва ташаккулдиҳанда, ба роҳ мондани чорабиниҳои иттилоотии фарогир барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва иштироки падару модарон, таҳия ва паҳн намудани воситаҳои арзёбӣ ва пайваста гузаронидани мониторинг ва робитаи мутақобилан судманд.


