12-уми сентябри соли ҷорӣ дар Литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе рӯзи дуюми семинар-машварати омӯзишӣ баргузор гардид. Иштирокчиёни семинар — масъулон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ин рӯз ба омӯзиши ҷанбаҳои амалии барномаи “Системаи иттилоотии идоракунии маориф” тамаркуз карданд.
Дар рафти семинар, зарурати ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар идоракунии маориф барои баланд бардоштани сифати таълим ва осон намудани раванди ҳисоботдиҳӣ таъкид гардид. Қайд шуд, ки ин барнома имкон медиҳад, ки маълумот бо дақиқӣ, суръат ва шаффофияти бештар идора карда шавад, ки дар натиҷа самаранокии кори муассисаҳои таълимӣ ба таври назаррас беҳтар мегардад.
Мутахассисони соҳа дар идома ба иштирокчиён тариқи машғулиятҳои амалӣ ва таҷрибавӣ тарзи истифодаи барномаро нишон доданд. Ҳамзамон, коршиносони байналмилалӣ дар бораи таҷрибаҳои муваффақи кишварҳои гуногун дар татбиқи системаҳои иттилоотӣ дар соҳаи маориф баромад карданд ва пешниҳодҳо барои беҳтарсозии идоракунии маълумот дар муассисаҳои таълимӣ ироа намуданд.
Қайд шуд, ки омӯзиши амалӣ ба иштирокчиён имкон медиҳад, ки пас аз анҷоми семинар ин барномаҳои иттилоотиро босамар дар муассисаҳои худ татбиқ намуда, раванди ҳисоботдиҳиро соддатар гардонанд.
Рӯзи дуюми семинар бо муҳокимаи саволу ҷавоб ва табодули таҷриба байни иштирокчиён ва мутахассисони даъватшуда ба поён расид. Дар ҷамъбаст, масъулин нақшаҳои минбаъдаро шарҳ дода, иштирокчиёнро ҳидоят карданд, ки дониши андӯхтаи худро дар амал татбиқ намоянд.