25 сентябри соли 2025 муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода бо роҳбари нави минтақавии Хадамоти мубодилаи академикии Олмон (DAAD) хонум Гизела Тсиммерман вохӯрӣ анҷом дод.
Муовини якуми вазир зимни суханронии худ меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, ҳамкориҳои дуҷонибаро бо Олмон муҳим арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки рушди робитаҳо дар самти таҳкими омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, забони олмонӣ, афзоиши имкониятҳои таҳсил барои ҷавонони тоҷик дар муассисаҳои таълимии олии Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва тақвияти робитаҳои илмӣ миёни муҳаққиқону устодон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати таълимии кишвар маҳсуб меёбад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ба зарурати густариши робитаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистону Олмон тавассути барномаҳои мубодилаи академӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак ва мусоидати минбаъда ба баланд бардоштани сатҳи тахассуси кадрҳои омӯзгорӣ таъкид карданд.
Дар навбати худ, роҳбари минтақавии DAAD изҳор дошт, ки ҷониби Олмон омода аст, ҳамкориҳоро дар самти таҳсилоти олӣ ва илм бо Ҷумҳурии Тоҷикистон густариш дода, барои дастгирии ҷавонон ва мутахассисони тоҷик тавассути барномаҳои гуногуни таҳсилӣ ва таҳқиқотӣ саҳмгузор бошад.
Ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар доираи барномаҳои DAAD минбаъд низ рушд ёфта, ба таҳкими робитаҳои илмӣ ва таълимии Тоҷикистону Олмон мусоидат хоҳад кард.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон


