НИШАСТИ МАТБУОТИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Навидҳо

Имрӯз, 31 январи соли 2025 нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, муовини вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, сардори Сарраёсати шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузоришаванда дар соҳаи маориф ва 32 нафар намояндаи васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.

Дар нишаст аз ҷониби 15 нафар намояндаи ВАО 23 савол пешниҳод гардид, ки ба ҳар кадоми он вазири маориф ва илм, муовини вазир, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ посухҳои мушаххас доданд.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *