Озмуни «Барномасози ҷавон»

Навидҳо

10 марти соли ҷорӣ дар бинои ҶСП Ширкати мобилии «Индиго Тоҷикистон» бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Маркази  ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуниктсия”-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни «Барномасози ҷавон» баргузор гардид. Дар он Ҷӯразода Ҷамшед – муовини якуми вазири маориф ва илм, Абдулзода Зиёдулло – муовини вазири маориф ва илм, Гулзода Абдураҳмон – директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, масъулон ва иштирокчиёни озмун ширкат варзиданд.

Муовини якуми вазири маориф ва илм  қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ соли 2019 ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуд. Аз ин рӯ, барои беҳтар намудани сатҳи маърифатнокии ҷавонон, махсусан хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар баргузории чунин озмунҳо манфиатбахш мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки иштирокчиёни озмун аз рӯйи чор номинатсия, барномасозӣ, веб-барномасозӣ, сохтани манбаи маълумот ва сохтани шабакаҳои иттилоотӣ корҳои эҷодии худро пешниҳод  намуданд. Дар озмуни мазкур нуҳ нафар хонанда аз рӯйи номинатсияҳои гуногун сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

       Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи фарҳанги техникӣ, маданияти иттилоотии интернетӣ, оммафаҳмии технологияи иттилоотӣ, тарғиби имкониятҳои шабакаи интернет дар рушди сатҳи дониш байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузаронида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *