ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “БАРНОМАСОЗИ ҶАВОН”: ЗАМИНАЕ БАРОИ РУШДИ ИҚТИДОРИ РАҚАМӢ

Навидҳо

26 августи соли 2025 бо ташаббуси Вазорати маориф ва илм ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Барномасози ҷавон” баргузор гардид.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди маориф ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Пешвои миллат таъкид намуда буданд: “Асри XXI асри технологияи нав ва информатика мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд дар бораи ҷавонон ҳарчи бештар ғамхорӣ намоем, то ки онҳо пурра дастовардҳои илму фарҳанги ҷаҳони имрӯзаро аз худ намоянд”.

Бо ҳамин мақсад ва дар доираи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.01.2020, №1445 оид ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, озмуни мазкур роҳандозӣ гардид.

Дар чорабинӣ муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Хошимзода иштирок намуда, аз аҳамият ва зарурати рушди фанҳои риёзӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар ташаккули насли наврас сухан гуфт.

Озмун тибқи талаботи низомнома барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар ташкил шуда, 4 бахшро дар бар гирифт:
1. барномасозӣ;
2. веб-барномасозӣ;
3. сохтани манбаи маълумот (базаи додаҳо);
4. сохтани шабакаҳои иттилоотӣ.

Дар озмун хонандагони боистеъдод аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҷамъ омада, маҳорати худро дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ нишон доданд. Корҳои пешниҳодгардида аз ҷониби ҳайати доварон арзёбӣ шуда, беҳтаринҳо ғолиб дониста шуданд.

Ғолибон бо туҳфаҳо ва ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм сарфароз гардонида шуданд. https://www.facebook.com/share/p/166AFhiiq9/

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *